Ахбор

Пагоҳ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Телевизиони Сафина нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

7 феврал Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба ҷамъбасти соли 2018 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Тағйироти кадрӣ

Дар асоси Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарикунандаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институтҳои тадқиқотии Академияи илмҳо, муовинони Фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор вазорату идораҳо тағироти кадрӣ

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон озод намудани Эмомзода Н. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам : Эмомзода Неъматулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон озод карда шавад.

Тағйироти кадрӣ

Мутобиқи моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз вазифаи муовини Раиси вилояти Суғд озод шуда, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Тибқи ҳамин моддаи Қонуни

Страницы