Ахбор

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония Тадаморӣ Ошима

5 октябри соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония Тадаморӣ Ошима мулоқот карданд.

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

5 октябри соли 2018 Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошад, самимона табрик мегӯям. Забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта,

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон

27 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкорӣ ва дурнамои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Игор Додонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки мо ба рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишвари Молдова манфиатдорем.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶумҲурии Тоҷикистон Барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд.

Дастгоҳи марказӣ:

  1. Муовини сардори раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансаби – 1874,5 сомонӣ;
  2.   бахши ҳуқуқи раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ –  1 ҷой, маоши мансабӣ – 1196 сомонӣ;
  3. Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 926,9 сомонӣ;
  4. Сармутахассиси раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1196 сомонӣ;
  5. Сармутахассиси бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1196 сомонӣ;

Страницы