Ахбор

Дар 2 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст

Ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат солҳои 2022-2026 — Солҳои рушди саноат эълон гардид, ки барои амалӣ намудани ин иқдом тайи 2 соли охир беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис меёбад

Имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз зиёд мешавад

Аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд гардад. Дар ин хусус  имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуд.

Соли 2024 дар Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид

Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Страницы