Ахбор

Таҳти раёсати шаҳри Душанбе Форуми раисони шаҳрҳои Осиё доир шуд

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии ҳисоботӣ-ҷамъбастии Форуми раисони шаҳрҳои Осиё таҳти раёсати шаҳри Душанбе тариқи маҷозӣ доир шуд, ки дар кори он намояндагон аз 32 шаҳри узви ин созмон иштирок доштанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар вохӯрӣ натиҷаҳои фаъолияти созмон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 мавриди муҳокима ва баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Шаҳри Душанберо дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода намояндагӣ намуд.

Гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ашқобод баҳои баланд гирифт

Дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ашқобод, ки дар ҳошияи форуми байналмилалии «Муколама-кафили сулҳ» доир гардид, гӯшаи Тоҷикистон ташкил  шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои наву замонавии Муассисаи давлатии 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳрониро ифтитоҳ намуданд

13 декабр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва му

Страницы