Ахбор

Соли 2024 раёсат дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мегузарад

Соли 2024 раёсат дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мегузарад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар робита ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити СПЕКА, ки 24 ноябр дар шаҳри Боку баргузор шуд, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати дар якҷоягӣ бо давлатҳои иштирокчӣ гузоштани саҳми сазовор дар ноил гардидан ба вазифаҳое, ки дар чорчӯби Барнома муайян шудаанд, иброз намуданд.

Забоншиносони тоҷик дар Конгресси III байналмилалии «Сиёсати забонии давлатҳои ИДМ» иштирок менамоянд

Аз 27 то 29 ноябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Конгресси III байналмилалии «Сиёсати забонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш олимону муҳаққиқон ва забоншиносон  муаррифӣ менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Конгрес бо ибтикори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва дар якҷоягӣ бо «Россотрудничество» дар заминаи Донишгоҳи давлатии забоншиносии Минск баргузор мегардад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истифодаи васеи технологияҳои рақамиро ҷузъи таркибии рушди иқтисоди давлатҳои аъзои СПЕКА номиданд

Истифодаи васеи технологияҳои рақамиро ҷузъи таркибии рушди иқтисоди давлатҳои мо мебошад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА), ки 24 ноябр дар шаҳри Боку – пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд, баён намуданд.

«Мо дар Тоҷикистон ҷиҳати марҳила ба марҳила рақамӣ намудани ҳамаи соҳаҳои иқтисод, идораи давлатӣ ва бизнес саъю талоши зарурӣ ба харҷ медиҳем. Консепсия ва Барномаи рушди «Иқтисоди рақамӣ» қабул шудаанд», — ёдовар шуданд Президенти мамлакат.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар Душанбе Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад

Зимни суханронӣ дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар марҳалаи дарпешистода дар амал ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ метавонад яке аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи Барнома бошад.

Страницы