Дар Душанбе Форуми байналмиллалии ҷавонон таҳти унвони «Барои ояндаи босубот ва рушд якҷоя амал мекунем» баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои ояндаи босубот ва рушд якҷоя амал мекунем» Форуми байналмиллалии ҷавонон оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи форуми байналмилалӣ муовини Сарвазири малакат Матлубахон Сатториён иштирок ва суханронӣ намуд. Дар кори форум ҷавонони фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок менамоянд.

Тибқи нақша, дар Тоҷикистон дар доираи таҷлили 26 -солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бахшида ба чорабиниҳои ҷашнии Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, инчунин рушди ҳамкории байналмилалии ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ аз 11 то 14 июли соли равон Форуми байналмилалии ҷавонон бо иштироки ҷавонони фаъол аз Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Ҳамзамон нимаи дуюми рўзи 12 июли соли равон машварати гурӯҳи корӣ бо иштироки ҷавонон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҷавонон лоиҳаҳои худро вобаста ба баланд бардоштани малакаи ҷавонон ва ба ин васила пешгирии онҳо аз ҳар гуна ҳаракатҳои хатарзо пешниҳод намуданд.

Тибқи нақша, дар доираи баргузории Форуми мазкур барои иштирокчиён ба мавзеъҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе, минтақаи Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат сайёҳат ташкил карда шуд.