«ДУНЁИ ОШ» — МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ДАР ОСИЁИ МИЁНА БЕНАЗИР. Дар ин ҷо дар як вақт ба 1060 нафар хизмат расонида мешавад

Дар Маркази хизматрасонии «Дунёи ош» дар як вақт ба 1060 нафар хизмат расонида мешавад. Толори ош дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, дорои 550 ҷойи нишаст мебошад. Дар ин макон асосан барои мизоҷону меҳмонон навъҳои гуногуни оши палав пешниҳод мегардад. Дар ин хусус зимни ба истифода додани бинои зебову замонавии Маркази хизматрасонии «Дунёи ош», ки имрўз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳимии ноҳияи Синои пойтахт ифтитоҳ гардид, иттилоъ дода шуд.

Маркази хизматрасонии «Дунёи ош» аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умарҷон Алимадов ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи санъати хоси меъмории миллӣ бунёд ёфтааст. Иншоот аз ҷиҳати тарҳ, имконоти хизматрасонӣ ва ороиши анъанаи фарҳанги қадимаи миллӣ дар Осиёи Миёна беназир мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст бо раванди омода намудани ин навъи таоми миллӣ, ки аз сӯи таббохони моҳири марказ дар 16 деги гуногунҳаҷм ва деги дутоннагӣ дам андохта шуда буд, шинос шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароит ва имконоти фароҳамгардида кормандону дигар масъулонро ба муомилаи хуб бо мизоҷону меҳмонон, муаррифии санъати баланди меҳмоннавозии тоҷикона, фарҳанги дастархонороӣ, ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳанги пурғановати миллати тоҷик роҳнамоӣ намуданд.