«ТAJBUILD». Намоишгоҳе, ки 67 ширкати ватаниву хориҷиро дар шаҳри Душанбе ҷамъ овард

Имрӯз дар шаҳри  Душанбе бо иштироки 67 ширкати ватаниву хориҷӣ Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти сохтмонии «ТAJBUILD» ифтитоҳ гардид, ки он бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди  соҳаи сохтмону саноат ва тарғибу ташвиқи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда  шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоиш бо ташаббус ва роҳбарии Ассотсиатсияи ширкати «ТAJBUILD» ва дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, то 14 октябр идома меёбад.

Дар намоишгоҳ беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии хориҷӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, технология ва таҷҳизоти махсуси соҳавӣ ба маъраз гузошта шуда, дар он ширкатҳо аз Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Туркия ва Узбекистон иштирок менамоянд.

Зимни ифтитоҳи намоиш иброз гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳи «ТAJBUILD»- муаррифии маҳсулоти сохтмониву ороишӣ, таҷҳизот ва хизматрасонии сохтмонӣ мебошад.

Намоишгоҳи байналмилалии «ТAJBUILD» аз 6 қисмат- маҳсулоти сохтмонӣ ва ороишӣ, меъморӣ ва ороишӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, техникаҳои махсус, механизмҳо, асбоб, либосҳои махсуси соҳавӣ ва моликияти ғайриманқул иборат мебошад.

Шарики асосии Намоишгоҳи байналмилалии ««ТAJBUILD» ширкати сохтмонии «Строй Центр», обҳои ташнагишикани «Сиёма», ширкати «Зепилин Тоҷикистон» буда, баргузории намоишгоҳ ба татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки марҳилаи якуми он то соли 2025 идома меёбад, мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии баргузории ин намоишгоҳ- ҳамкории нав ва дастгирии корӣ дар соҳаи савдо байни ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва маҳаллӣ дониста шуда, дар ин замина он муаррифи маҳсулоти сохтмониву ороишӣ, таҷҳизот ва хизматрасонии сохтмонӣ баҳри бозори маҳаллӣ дониста мешавад.

Ҳамзамон бо ин ташкили ассотсиатсияи пешбари ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар соҳаи сохтмон яке аз мақсадҳои дигари ин намоишгоҳи байналмилалӣ дониста мешавад. Изҳор шуд, ки аъзои Ассотсиатсияи ширкати «TajBuld» будан- ин яъне беҳтарин пешниҳоди соҳаро аз дасти аввал соҳиб шудан аст.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 67 ширкати ватаниву хориҷӣ бо намояндагӣ аз маҳсулоти худ иштирок менамоянд.

Ба гуфтаи масъулини Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, вожаи «ТAJBUILD» — и намоишгоҳ дар тақвияти чунин намоишгоҳи ҳамсон дар давлатҳои хориҷӣ, ба монандаи UzBuld (Узбекистон) MosBuld (Москва, Федератсияи Русия), ки солиёни зиёд доир мегардад, гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «ТAJBUILD» соли дуюм баргузор гардида, ягона майдоне аст, ки маҳсулот ва дастовардҳои соҳаи сохтмонро муаррифӣ менамояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»