«EXPO 2023 DOHA». Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон

21 январ дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA» маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

Гўшаи асосии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA» дар майдони наздик ба 800 метри мураббаъ ташкил гардида, аз намоиши намунаи меваю хушкмеваҳо, сабзавоти тару тоза, асалу гиёҳҳои шифобахш ва обҳои мусаффои Тоҷикистон иборат мебошад.

Намоишгоҳ бо услуб ва нақшу нигори хоссаи миллӣ оро дода шуда, намунаи ҳунарҳои мардумии тоҷикон, аз қабили чўбтарошию кандакорӣ низ дар он муаррифӣ гардидаанд.

АМИТ «Ховар» аз ҷараёни маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон ва гўшаи асосии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2023 DOHA» дар шаҳри Давҳа суратгузориш пешниҳод менамояд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»