Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия: «264 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд»

Соли 2022 мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 483 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 247 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Дар нишаст иброз гардид, ки тавассути тадбирҳои андешидашуда аз маблағҳои ошкоршудаи зарар ва дигар тадбирҳои иловагӣ 264 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд. 164, 7 миллион сомонии он бевосита ба суратҳисобҳои буҷетӣ гузаронида шуда, 99,3 миллион сомонӣ ба пардохти воситаҳои пулӣ, даромад кардани молу мулк ва ҳисоббаробаркуниҳо равона гардид.

Ҳамзамон воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 2155 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро нисбат ба 1176 нафар, инчунин бо дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор намуданд, ки 918 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомил мебошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»