Аз номи Пешвои миллат ба наҷотдиҳандагони Тоҷикистон барои кори пурсамар дар Туркия мукофотҳо супорида шуданд

Имрӯз дар маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наҷотдиҳандагони тоҷик баъди бозгашт аз Туркия мукофотҳо тақдим карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.

Аз номи Сарвари давлат ба наҷотдиҳандагон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мукофоту рутбаҳои ҳарбӣ, ҳамчунин сипосномаҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва медалҳои соҳавӣ тақдим намуд.

Тазаккур дода шуд, ки наҷотдиҳандагони тоҷик дар Туркия вазифаи наҷоти ҷони одамон ва расонидани ёрии саривақтӣ ба аҳолии осебдидаро пурра иҷро намуданд ва аз уҳдаи ин кор ба хубӣ баромаданд.

Дар ин рӯз Сарвазири мамлакат ҳамзамон бо фаъолияти Маркази таълимии кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва  синфхонаву ҳуҷраҳои кории он шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки наҷотдиҳандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 22 феврали соли 2023 дар Ҷумҳурии Туркия қарор доштанд ва дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти осебдидагони зилзила иштирок намуданд.

Дар ин муддат ба онҳо муяссар гардид, ки баъди 5 рӯзи заминларза аз зери харобаҳо як мардро бо тифли шашмоҳааш зинда берун оранд. Ҳамчунин баъди 144 соати заминларза онҳо кӯдаки 3-соларо аз зери харобаҳо зинда наҷот доданд.

Дар ин муддат аз зери харобаҳои зилзила ҷасади 217 нафарро берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

АМИТ «Ховар»