Анна Бйерде: «Бонки ҷаҳонӣ шарики қавӣ ва боэътимоди Тоҷикистон мебошад»

19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти сарварии ноиби президент Анна Бйерде, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Пас аз мулоқот ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Бйерде дар брифинг барои намояндагони ВАО-и маҳаллӣ ва хориҷӣ ширкат варзид.

Анна Бйерде зикр кард, ки «дар мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳо ва ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намудем. Аз ҷумла, яке аз онҳо дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба бартараф намудани пайомадҳои COVID-19 буд. Дар ин росто Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии соҳаи тандурустӣ ва таъмини аҳолии ниёзманди Тоҷикистон кумак расонида истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, аз барномаҳои фаврии Бонки ҷаҳонӣ бархурдор шуд. Дар доираи барномаҳо барои Тоҷикистон миқдори муайяни вояҳои ваксинаи  зидди коронавирус дастрас шуд».

Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Бйерде таъкид намуд, ки дар мулоқот инчунин масъалаҳои ислоҳоти андоз, рақамикунони иқтисодиёти Тоҷикистон, ки барои сармоягузорони оянда ва бахши хусусӣ фазои устувортар фароҳам меорад ва ҷалби сармояи хориҷӣ таъсири мусбат мерасонад, баррасӣ гардид.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконоти гидроэнергетикӣ ва захираҳои бойи энергияи сабз буда, метавонад бо он тамоми кишвар, инчунин минтақаро таъмин намояд», —  гуфт Анна Бйерде.

Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Бйерде зикр намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ чун яке аз шарикони қавӣ ва боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини рушди баробар боқӣ мемонад.

АМИТ «Ховар»