Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

9 – уми декабри соли 2015 таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид. Масъалае, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд, лоиҳаи Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» буд, ки қаблан дар кумитаҳо ва комиссияҳои маҷлиси намояндагон муҳокима ва такмил дода шуда буд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз ҷониби вакилони МН МО ҶТ пешниҳод гардида, аз муқаддима ва 16 модда иборат мебошад.тавре ки дар муқаддимаи қонуни мазкур омадааст: «Бо мақсади тақвияти асосҳои конститутсионӣ, ҳифзи арзишоҳои таърихии давлатдорӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ санади мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли тоҷикистон муайян менамояд. 
Тибқи банди 3 моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба сифати асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.