Бахши хусусии Тоҷикистон ва Чин санадҳои ҳамкориро ба маблағи беш аз 400 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расониданд

Дар ҳошияи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин 22 август маросими баимзорасонии санадҳои ҳамкории бахши хусусии Тоҷикистон ва Чин ба маблағи умумии беш аз 400 миллион доллари амрикоӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, Созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба навсозӣ ва то 180 ҳазор тонна дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ба маблағи 50 миллион доллари ИМА;

— Созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол, ба маблағи 300 миллион доллари ИМА;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Джинчуен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 мошин дар як сол дар ҳаҷми 25 миллион доллари ИМА;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таъсис додани корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодаи маркази логистикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 26 миллион доллари ИМА.