Ба истифода додани телевизиони таълимии ДМТ

17-уми июн бахшида ба рўзи Ваҳдати миллӣ Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи факултети журналис­тикаи донишгоҳ ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи студияи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори АМИТ "Ховар" Субҳиддин Шамсиддинзода, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Лутфия Абдулхолиқзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, меҳмонон ва намояндагони васоити ахбори омма, инчунин, устодону донишҷўёни ДМТ иштирок намуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки дар робита ба дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Студияи таълимии телевизиони ДМТ бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, барои омода намудани кадрҳо ва чеҳраҳои нави телевизион саҳми худро хохад гузошт. Студияи таълимии телевизиони донишгоҳ бо техникаву таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, он имкон медиҳад, ки модулҳои нави зарурии таълимӣ дар асоси меъёрҳои муосир ба амалия нигаронидашуда, ҷорӣ шаванд.

Ба ин муносибат дар Ганҷинаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода ҷамомад доир гардид. Ректори ДМТ, профессор Қ. Хушвахтзода ҳайати устодону кормандонро ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ ва ба вуқуъ омадани ин рўйдоди таърихӣ – ифтитоҳи Телевизиони таълимии ДМТ табрик намуда, иброз дошт, ки “Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии миллати мост. Ин ҷашни бузург ба сифати рўйдоди барҷастаи сиёсиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангӣ бо раванди дурударози ташаккули фарҳанги давлатдорӣ, роҳи пуршебу фарози расидан ба ваҳдати комил ва густариш ёфтани ҳувияти миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад ва мазҳари орзуву ормонҳои чандинасраи миллати тоҷик мебошад.

Дар ин робита, тавассути телевизион арзёбии дурусти ҳодисаҳои сиёсию амниятии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ва таъсири он ба авзои сиёсию мафкуравии кишвар, ояндабинии илмии воқеоти сиёсию иҷтимоӣ, мушаххас намудани роҳҳо ва воситаҳои пешгирӣ ва тарбия намудани ҷавонони ватандўст, бонангу номус ва дорои дидгоҳи миллӣ тариқи барномаҳои расонаию иттилоотӣ ҳадафи умдаи на танҳо Ҳукумати мамлакат, балки ҳамаи мо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.

Замони муосир даврони боз ҳам масъулиятнок маҳсуб ёфта, тақозо менамояд, ки бо ҳаёт ва фаъолияти ҳар фарди ҷомеа «консепсияи давлатсозӣ» ҳамоҳанг сохта шавад. Дар ин замина, фаъолияти масъулини телевизион баҳри арзёбии воқеъбинонаи ин раванд беш аз пеш муҳим ва зарур мебошад”.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимнан таъкид дошт, ки: “...сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ хизмати бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар марҳилаи муосир, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандўстӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи худ қарор додааст, мо тамоми дастовардҳоямонро ба мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста медонем, зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан суботу оромӣ мебошад. Бо ин асос студияи мазкур туҳфаи арзанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон буда, аз сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад”.

Дар ҷамомад ҳамзамон раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид суханронӣ намуда, дар самти пеш бурдани корҳои идеологӣ ва амнияти иттилоотӣ, инчунин, беҳтар гардонидани фаъолияти рўзноманигорон чанд пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки телевизиони мазкур технологияи тайёр кардани барномаҳои телевизиониро омўзонида, дар таълими амалии донишҷўёни касби журналистӣ, тавсеаи амнияти иттилоотии равандҳои илмиву таълимӣ, ҳамкорӣ бо ВАО-и электронии ҷумҳуриявӣ, инъикоси ҳаёти донишгоҳ ва ҷавонони донишҷў дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Таъсиси чунин телевизион ба сифати таҳсилот дар самти журналистикаи телевизионӣ таъсири мусбат мерасонад. Зеро, шаклҳову усулҳои нави таълимӣ яке аз талаботи асосии асри иттилоот ба шумор меравад.

Ҳадафҳои меҳварии телевизиони донишгоҳӣ таълими амалии донишҷўёни касби журналистӣ, ҳамкорӣ бо ВАО-и электронии шаҳриву вилоятиву ҷумҳуриявӣ, татбиқи лоиҳаҳои барои донишҷўён ва омўзгорон аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳаммиятдош­та, инъикоси ҳаёти донишгоҳ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон, ҷалби донишҷўён ба инъикоси набзи ҳаёти донишгоҳ ба шумор меравад.

Аз ин баъд имкон ҳаст, ки донишҷўён технологияи тайёр кардани барномаҳои телевизиониро ба таври васеъ дар донишгоҳ омўзанд ва бо донишҳои амалӣ ба истеҳсолот раванд. Шогирдон дар ин студияи замонавӣ имкон доранд, ки филмҳои таълимӣ, роҳнамоии касбӣ, презентатсияҳо ва роликҳои рекламавӣ таҳия намуда, тариқи васоити электронии ахбор ҳунари худ­ро муаррифӣ намоянд.

Устодони соҳибмактаби факултет ва донишгоҳ барои бунёди ин маркази бузурги назариявию амалӣ кумак ва машваратҳои назаррас дода, бо ин асос дар студияи таълимӣ як қисми машѓулиятҳои амалӣ мувофиқи ҷадвали дарсӣ гузаронда мешаванд.

Ба фаъолияти пардохтани телевизиони донишгоҳӣ дар таҳияи барномаҳои ҷолиб ва видео-дарсҳои устодон ва донишҷўёни факултетҳои дигари донишгоҳ имкониятро фароҳам меорад. Таъсиси ин телевизион дар рушди журналистикаи соҳавӣ таъсири амиқ мегузорад.

Абдурозиқ МАРДОНӢ