Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд

Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷамъомад таъкид карда шуд, ки ба шарофати ваҳдати миллӣ Тоҷикистон рушд намуда, миллати тоҷик ба ҳадафҳои пешгузоштаи худ дастёб гардид ва тамоми соҳаҳо ташаккул ёфт.

Дар идомаи чорабинӣ бо назардошти натиҷаҳои назаррасӣ корӣ ва намунавор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ як қатор кормандон ба рутбаҳои махсуси навбатӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Ҳамзамон ба ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 13 то 20 июн байни кормандони Агентӣ доир гардид, ҷом ва медалу ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.