Дар Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

Имрӯз, 4 октябр дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара» Мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81 кг, 90 кг, 100 кг, +100 кг ва 3 вазн байни занон: 52 кг, 57 кг ва -63 кг баргузор мегардад.

Дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои Русия, Эрон, Узбекистон, Муғулистон ва Қазоқистон иштирок менамоянд.

Ғолибону ҷоизадорон бо медалу ҷоизаҳои пулӣ – ҷои якум- 27 500 сомонӣ, ҷои дуюм- 16 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм- 11000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.