Дар Душанбе китобномаи Шоири халқии Тоҷикистон «Муҳаммад Ғоиб: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ» рӯнамоӣ карда шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб- «Муҳаммад Ғоиб: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ» баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки Муҳаммад Ғоиб аз зумраи шоирони номвар ва баркамоли шеъру адабиёти имрӯзи тоҷик аст, ки бо ашъори мондагор ва баландмазмуни худ дар замони муосир мавқеи намоёнро соҳиб мебошад. Воқеан Муҳаммад Ғоиб аз саромадони шоирони ватанпарвар ва ватандӯсти тоҷик буда, муҳтавои меҳварии ашъори ӯро Ватан, Тоҷикистон, ҳар зарраи хоки ин сарзамини биҳиштосо ва муқаддасоти миллӣ ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки Муҳаммад Ғоиб яке аз қаламкашони тоҷик мебошад, ки бо ашъори баландмазмунаш миёни мардум маъруфият пайдо кардааст ва муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок», «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошад.

Китоби «Муҳаммад Ғоиб: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ» аз ду қисм иборат мебошад. Қисми аввал «Муҳаммад Ғоиб дар эҷодиёти адибону адабиётшиносон» унвон дошта, андешаҳои удабо роҷеъ ба рӯзгор ва осори ӯ гирдоварӣ шудааст. Қисми дувум бошад «Китобномаи шарҳиҳолӣ» номида шуда, аз бахшҳои «Асарҳои Муҳаммад Ғоиб», «Адабиёт доир ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Муҳаммад Ғоиб» ва «Кумакфеҳрист» иборат мебошад.