Дар Душанбе ҳамкории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо UNODC баррасӣ шуд

Дирӯз роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Тоҷикистон Мустафо Юнал Эртен мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ муколамаи судманд анҷом дода, омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои минбаъда баён карданд.

Таъкид гардид, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба рушди бемайлони робитаҳо бо UNODC дар Тоҷикистон аҳамияти хосса дода, дар ҳамбастагӣ якчанд чорабинии мақсаднок роҳандозӣ намуд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки вохӯрӣ барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меорад.