Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол баъд аз иштирок дар Ҷоми Осиё-2023 ба Ватан баргашт

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол, ки иштироки худро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа анҷом дод, ба Ватан баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи мунтахабро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзноманигорон, мухлисону наздикони бозигарон ва ситоди мураббиёни тими миллии мамлакат истиқбол гирифтанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин иштироки худ дар Ҷоми Осиё-2023 панҷ бозӣ анҷом дода, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар натиҷа мунтахаби Тоҷикистон ба қатори ҳаштгонаи беҳтаринҳои қора дохил шуд.









 

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон