ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт наздик ба 8000 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт дар маҳаллаи «Лучоб» наздик ба 8000 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шуда, ҳадафи он саҳм гузоштан дар корҳои сабзу хуррамгардонии пойтахт ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

Ҳашар бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода гузаронида шуда, дар он роҳбарият ва кормандони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, волонтёрон, донишҷӯён, ҷавонони фаъол ва ҳизбиёни пойтахт иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки шинонидани дарахт, нигоҳубин ва парвариши он чун анъана ва суннати нек пазируфта шуда, кори савоб ва дар ин баробар амали барои табиат фоидаовар маҳсуб мешавад. Дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинонидани дарахтон амри зарурӣ дониста мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи парвариши дарахтон, бунёди боғҳо ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ намуда, ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ дастур доданд.