Захираҳои дар Тоҷикистон мавҷудаи литий барои истеҳсоли автомошинаҳои барқӣ шароити мусоид фароҳам меоварад

Истифодаи маҳсулоти алюминийи Тоҷикистон ва захираҳои дар мамлакат мавҷудаи литий барои истеҳсоли автомошинаҳои барқӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Яъне ду намуди ашёи асосӣ барои истеҳсоли чунин автомошинаҳо дар ҷумҳурии мо мавҷуд аст. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрўз зимни суханронӣ дар мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар.

Сарвари давлат баён доштанд, ки истеҳсолоти саноатӣ метавонад самти дигари ояндадори ҳамкории мо бошад. «Яке аз ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. Барои мо татбиқи тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозӣ афзалиятнок мебошад»,-баён доштанд Пешвои миллат.

Таъкид гардид, ки қаламрави Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст ва ин омил барои рушди саноати истихроҷи маъдан заминаи устувор фароҳам овардааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 кони маъданҳои фоиданок,  металлҳои нодир ва қиматбаҳо, аз ҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел,   волфрам, ванадий ва дигар маъданҳои нодир кашф ва барои аз худ намудан қисман омода шудааст.

Аз ин шумора алҳол дар конҳое, ки  мавриди истифодабарӣ қарор доранд, зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ мешавад.

Роҳбари давлат изҳор намуданд, ки дар баробари захираҳои маъдании комилан зарур, истихроҷи сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, ҳамчунин, намаки сангӣ  дурнамои хуб дорад.