Зимни сафари расмии Н. Назарбоев ба Тоҷикистон 6 санади ҳамкорӣ ба имзо мерасад
Рӯзи 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.
Интизор меравад, ки пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷараён мегирад, 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.
Муҳимтарин санад Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аст, ки муносиботи ду кишварро ба сатҳи сифатан баланд хоҳад баровард.
5 санади дигар доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, ҳимояи техникии иттилот, муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқишаҳрвандони ҳамдигар ва Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2016-2017 мебошанд.
Тибқи санади ҳамкорӣ дар соҳаи маориф интизор меравад, ки минбаъд донишҷӯёни тоҷик бе курсҳои тайёрӣ якбора ба курси аввали муассисаҳои таҳсилоти олии Қазоқистон ва ба ихтисосҳои муайяннамудаи ҷониби Тоҷикистон қабул шаванд.