Игор Черевченко: «Тоҷикистон ба қатори 8 дастаи беҳтарини футболи Осиё дохил гардид. Ин ифтихори бузург аст»

Ба ғалабаи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ҳаштякфинали чемпионати Осиё аз ҷониби мутахассисони шинохтаи соҳа ба таври шоиставу арзанда баҳо гузошта шуд. Собиқ сармураббии дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  Игор Черевченко дар мусоҳиба бо сомонаи маъруфи «Спорт Эксперсс» доир ба ғалабаи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон гуфтааст, ки ғалабаи футболбозони тоҷик шоистаи таҳсин,  ҳаққонӣ ва як ҷаҳиши муҳим дар рушди футболи тоҷик аст.

«Онҳо ғалабаи ҳаққонӣ ба даст оварданд,  бояд дар вақти асосӣ пурра бозиро бо ғалаба ҷамъбаст менамуданд. Барои тамоми мардуми Тоҷикистон ин иди бузург аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аллакай ба қатори 8 дастаи беҳтарини футболи Осиё дохил гардид. Ин ифтихори бузург аст. Ман бовар дорам, ки Тоҷикистон ба даври минбаъда низ роҳ меёбад. Аз бозии имрӯза маълум буд, ки дар баъзе ҳолатҳо тими Тоҷикистон хеле хуб  ва ҳатто аз рақиб беҳтар бозӣ кард. Тавре ки маълум аст, рақиби дигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ғолибони ҷуфти Ироқ — Урдун мебошанд. Тоҷикистон метавонад, ки ин дастаҳоро низ мағлуб созад. Умед дорам, ки дастаи мунтахаби Тоҷикстон то даври нимниҳоии мусобиқоти Осиё роҳхат мегирад», -афзуд Игор Черевченко.

Хотирнишон месозем, ки 28 январ дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад.

Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи вақти изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор