Имрӯз Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Имрӯз, 17 феврал Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 дар Вазорати молия баргузор карда мешавад.

Прокуратураи генералӣ нишасти матбуотиро соати 09:00 дар Прокуратураи генералӣ баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 дар агентии мазкур барпо мешавад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 10:00 дар Вазорати корҳои хориҷӣ доир менамояд.

Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати 10:00 дар толори баргузории нишастҳои матбуотии Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2022  30 январ оғоз шуда, 17 феврал ҷамъбаст мегарданд.