ИМРӮЗ — РӮЗИ ФАЛАК. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе ҷамъомади идона доир мегардад

Бахшида ба Рӯзи Фалак имрӯз, 10 октябр, соати 17:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷамъомади бошукуҳ  баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Пеш аз оғози барномаи консертӣ дар саҳни театр  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва асбобҳои миллӣ доир гардида,  китобҳо доир ба ҷашни фалак ва тафсири фарҳангшиносӣ аз тарафи китобхонаҳои шаҳрӣ ва минтақавӣ муаррифӣ  мешаванд.

Имрӯз ҳамчунин Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаи бошукуҳи идона бо иштироки беҳтарин хонандагони сурудҳои сабки  фалак баргузор менамоянд. Дар барнома суруду таронаҳои фалакии  ҳама минтақаҳои Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Бояд гуфт, ки ин ҷашни миллӣ бо иқдоми наҷиб ва ғамхории зиёди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки ин навъи санъати халқӣ бо заҳмату кӯшишҳои як зумра санъаткорон ва фалаксароёни машҳури тоҷик, аз ҷумла Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Абдулло Назрӣ, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманд Холов, Дона Баҳром, Гулчеҳра Содиқова ва дигарон аз асри гузашта то замони мо ривоҷу равнақ ёфта, имрӯз машҳури олам гардидааст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии фалак пайваста ғамхории зиёд зоҳир менамоянд. Маҳз чунин ташаббусҳои созанда сабаб гардиданд, ки минбаъд фалак аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги умумибашарӣ эътироф гардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки  «фалак яке аз жанрҳои мусиқӣ буда, аз осори шифоҳии мардуми кӯҳистон сарчашма мегирад».

20 июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб таҳти сарварии ҳунарманди варзида Давлатманди Хол ансамбли «Фалак» таъсис дода шуд, ки дар рушду нумуи ин мусиқии нодири мардуми тоҷик нақши бориз гузошт.

Дар замони мо низ Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии фалак ғамхории зиёд зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси Сарвари давлат 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ҳар сол 10 октябр ҳамчун Рӯзи Фалак бо тантана ва шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида мешавад. Аз ҳар гӯшаю канори мамлакат ва ҳатто аз хориҷи он ҳунармандони асили мардумӣ гирд омада, санъату ҳунари волои хешро пешкаши мардум менамоянд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо анъанаи фалак­сароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқӣ ба насли ҷавони ҳунарманд асрори нозукиҳои онро меомӯзонанд.