Иштирок дар тантанаҳои Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

1 - уми сентябри соли 2015 рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии донишгоҳ ва дарси сулҳ, ки ба таҷлили 70 - солагии Донишгоҳ рост омадааст, иштирок кард.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар рӯзи аввали соли нави хониши 2015-2016 бинои боҳашамату замонавии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ифтитоҳ намуда, аз шароити кории он аз наздик шинос шуд.
Корҳои сохтмонии бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ моҳҳои апрел - майи соли 2014 шуруъ гардида буд.
Корҳои таҳкурсӣ то ба қомат афрохтани биноро сохтмончиёни ширкати “Саддарё”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба итмом расонид.
Корҳои андовакунӣ, рангубор, васлу насби чароғҳо, кашондани хатҳои интиқоли неруи барқ, хати оби нӯшокӣ, часпонидани дару тирезаҳоро 10 ширкати сохтмонии Ватанӣ иҷро карда, даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб дар ин иншоот таъмин шуданд.
Бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз 7 ошёна иборат буда, дар он толори васеи калони маҷлис барои 286 ҷойи нишаст, толори варзишӣ барои 104 ҷойи нишаст, ошхона барои то 200 ҷойи нишаст дар як баст, ду толори гузаронидани машғулиятҳо барои 70 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ ва синфхонаҳои лингофонӣ мавҷуд аст.
Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он 37 миллион сомонӣ маблағ хароҷот шудааст.
Ошёнаи дуюм ва сеюм - утоқҳои маъмурият, ошёнаҳои чорум, панҷум ва шашум барои машғулиятгузаронӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва лингофонӣ пешбинӣ шудааст, ки бо тамоми дастгоҳу лавозимоти муосири таълимӣ ҷиҳозонида шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои омӯзиши забонҳои русию англисӣ, синфи компютерӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо шароити таълим шинос шуда, бо устодону донишҷӯён мулоқот кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба омӯзиши амиқи технологияҳои компютерӣ, забонҳои хориҷӣ, ки тақозои замон аст, ҳидоят кард.   
Дар толори маҷлисгоҳ донишҷӯён намоишномаи пурмазмунеро аз таърихи рушди давлатдории тоҷикон дар замони соҳибистиқлолӣ, заҳмату талошҳои Роҳбари давлат барои ба ҳам овардани миллат  ва таърихи таъсису ташаккули донишгоҳ омода ва пешниҳоди Сарвари давлат карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаи дастовардҳои устодону донишҷӯён ба вазорати маориф ва роҳбарияти донишгоҳ барои тарбияи олимони ҷавон дастуру ҳидоятҳо дод.
Пас аз шиносоӣ бо бинои нави маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар дарси сулҳ иштирок ва суханронӣ кард.
Дар оғози дарси сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷӯҳ ба рушду пешрафти бахши пешбарандаи ҷомеа-соҳаи маориф ва сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамасола бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ идома дорад.