Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Дастгоҳи марказӣ:

  1. Муовини сардори раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2585,15 сомонӣ;
  2. Сармутахассиси  раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ –1577,00 сомонӣ;
  3. Сармутахассиси бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1577,00
  4. Сармутахассиси бахши муносибатҳои байналмиллалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1577,00
  5. Сармутахассиси раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577,00
  6. Мутахассиси пешбари бахши умумии раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1286,50 сомонӣ;
  7. Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1286,50  сомонӣ;
  8. Мутахассиси пешбари раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1286,50 
  9. Мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1286,50   сомонӣ;
  10. Мутахассиси пешбари бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1228,00 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли  038 УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома (справка- объективка).

Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз 31 (Хонаи Радио),

Телефон барои маълумот 227-65-69, 227-59-79 суроғаи электронӣ: info@ktr.tj.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.