Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ,

1 сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ, 1 муовини сардор, 1 сармутахассиси раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 мутахассиси  пешбари бахши умумии раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис, 2 мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ, 1 сармухассис ва 1 мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ОЗМУН  эълон менамояд.

Талабот ба довталабон: Таҳсилоти олӣ:  рӯзноманигор, муҳосиб, техникӣ ва ҳуқуқшинос.

Собиқаи умумии меҳнатӣ на кам аз 1 то 7 сол ва хизмати давлатӣ на кам аз  2 то 6 сол.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

  • -ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1  пешбинигардида;
  • -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
  • -тарҷумаи ҳол;
  • -нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  • -маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли  038 УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
  • -нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
  • -эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
  • -нусхаи шиноснома;
  • -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  • -маълумотнома (справка- объективка)
  • -маълумотномаи доғи судӣ.

Музди миёнаи меҳнат аз 1228 (ҳазору дусаду бисту ҳашт,) сомонӣ то 3300 (се ҳазору сесад)  сомонӣ.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз  31 (Хонаи Радио),

телефон барои маълумот 227-65-69, 227-59-79.

Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи www.ktr.tj  дастрас намоед.     

Қабули ҳуҷҷатҳо то 21 рўз пас аз нашри эълон.

Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.