Марат Орифов муваффақ ба гирифтани ҷоизаи «Симурғи булурин» шуд

Филми “Муаллим” бо коргардонии Носир Саидов дар ҳошияи сию сеюмин Ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр»-и Эрон дар Пардиси синамоии “Миллат” - и Теҳрон намоиш дода шуд. Зимни намоиш кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Эрон, тоҷикони муқими Теҳрон, алоқамандони синамо ва донишҷӯёни тоҷик ширкат доштанд. Дар нишасти хабарӣ, ки бо ширкати дастандаркорони филм доир гардид, Носир Саидов - коргардони филм зикр намуд, ки достони филм ба замони қабл аз истиқлоли Тоҷикистон  рост меояд.
Ба гуфтаи коргардони тоҷик навиштани филмнома 3 сол, филмбардорӣ 45 рӯз ва тадвини он се моҳ тӯл кашидааст. Дар ин филм Маҳнози Афшор - бозигари маъруфи эронӣ яке аз нақшҳои асосиро бозӣ намудааст. 
 Филм бо истиқболи самимии издиҳоми тамошогарон мувоҷеҳ шуд ва лаҳзаҳои ҳассосу дардноки он тамошогаронро амиқан таҳти таъсир қарор дод, зеро дар он саҳнаҳое аз зиндагии як хонаводаи зиёӣ дода шуданд, ки падар бо фарзандон соҳиби пешаи боифтихори муаллимианд ва бо иззату икром нони ҳалоли омӯзгорӣ ба даст меоранд ва аз андак тӯҳмати нобарҷо шикаста мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр» ҳунарманди тоҷики Марат Орифов барои нақшофарӣ дар филми «Муаллим» - и коргардон Носир Саидов бо гирифтани ҷоизаи махсуси ҷашнвора «Симурғи булурин» муваффақ гардидааст.