Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 26-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ

Имрӯз ба муносибати 26-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раёсат ва роҳбарони сохторҳои кумита иштирок намуданд.

Дар оғози маҷлис раиси Кумита Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба ифтихори ин санаи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, дар бораи моҳияти мафҳуми Ваҳдати миллӣ ва тадбирҳое, ки дар мамлакат ҷиҳати бузургдошти ин ҷашни тақдирсоз амалӣ карда мешаванд, сухан кард. Ба гуфти Нуриддин Саид тадбирҳое, ки имрӯз дар мамлакат дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва дигар ҳадафҳои стратегӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешаванд, заминаҳои Ваҳдати миллиро боз ҳам устувортару қавитар мегардонад, ки омили муҳими пойдорӣ ва бақову ягонагии мардуми Тоҷикистони азиз ба шумор меравад.

Дар идомаи маҷлис муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ баромад намуда, доир ба аҳамияти Ваҳдати миллӣ, бахусус саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу ризоият дар ҷомеа, баргардонии муҳоҷирони иҷборӣ ба ватан, таъмини ҳаёти осоишта ва некуаҳволии мардум ва мактаби сулҳофарии Роҳбари давлат сухан кард. Зикр шуд, ки зарурат ва аҳамияти бузурги ваҳдати миллӣ махсусан дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ дучанд эҳсос мегардад, ки дар тарҳсозиву бунёд ва пойдориву устувории он ибтикору талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо пурарзиш аст. Ин аст, ки таҷрибаи сулҳофарии миллати тоҷик, бахусус мактаби сулҳофарӣ, ки бевосита асосгузори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, имрӯз аз ҷониби ташкилоти созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои татбиқ ба манотиқи фарогири низоҳои дохилӣ тавсия мешавад.

Дар идомаи маҷлис ҳамчунин котиби шурои илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Парвина Саидҷаъфарова роҷеъ ба имконоти иқтисодию иҷтимоие, ки дар натиҷаи ноил шудан ба Ваҳдати миллии сартосарӣ дар мамлакат ба вуҷуд омаданд ва ба рушду нумӯъи бемайлони кишвар мусоидат намуд, сухан кард.

Дар интиҳои ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи кормандони Кумита ба ифтихори ин санаи фархунда ба як қатор кормандони фаъол сипосномаҳо тақдим карда шуд. Ҳамчунин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як зумра кормандони сохторҳои гуногуни Кумита дар фазои тантанавӣ ба узвияти ҳизб қабул гардида, соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ шуданд.

Чорабиниҳо бахшида ба Ваҳдати миллӣ дар сохторҳои кумита низ гузаронида мешаванд.