МУЖДАИ ВАРЗИШ! Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев соҳиби роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 шуданд

Дар рӯзи ҳаштуми Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 муштзанони тоҷик ба дастовардҳои шоён ноил гардиданд. Гарчанде дар ин рӯз Шоира Зулқайнарова дар вазни то 66 кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 80 кг мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуданд, Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг ва Давлат Болтаев дар вазни 92 кг тавонистанд, ки пирӯзӣ ба даст оварда, роҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж-2024-ро соҳиб шаванд.

Бояд гуфт, ки муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 бар Ҷаеминг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби калони 5:0 дастболо гардида, ба финал баромад. Дар финал 3 октябр Давлат Болтаев бо Ҳан Хуежен аз Чин баҳри ба даст овардани медали тиллои мусобиқа талош менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Давлат Болтаев дар рақобати якум бар Арсланбек Очилови туркман пирӯз шуд. Давлат Болтаев тавонист, ки дар раунди дуюм Очиловро ба нокаут фиристад ва ғалабаи боварибахшро соҳиб шавад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Давлат бар Эркин Одилбек Уулуи қирғиз бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 0 зафар ёфт ва ба даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу -2022 баромад.

Қобили тазаккур аст, ки муштзани тоҷик Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг аз байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 –ро аз риштаи бокс соҳиб шуд. Миҷгона дар даври чаҳорякниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 бо Сатсуки Ёшизава аз Ҷопон қувваозмоӣ намуд ва дар ин рақобат тавонист, ки музаффарият ба даст орад. Пас аз ғалаба Миҷгона ба даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 роҳ ёфт ва 4 октябр бо Карина Ибрагимова аз Қазоқистон қувва меозмояд.

Пас аз ғалаба бар муштзани ҷопонӣ Миҷгона аллакай медали биринҷии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022-ро ба даст овардааст.

Миҷгона дар даври аввал бар намояндаи Ветнам – Нгуйен Ҳуен Тран бидуни мушкилӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5 бар 0 ғолиб омад.

Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 23 сентябр оғоз гардида, то 8 октябр идома меёбанд. Дар ин мусобиқа 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»