Озмун барои ишғоли вазифаҳо дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии «Телевизиони Тоҷикистон», муҳаррири варзида 4 ҷой, муҳаррир 6 ҷой, муҳаррири хурд 2 ҷой, коргардон 1 ҷой, рассом 2 ҷой, танзимгар 1 ҷой, мухбир 2 ҷой, наворбардор 3 ҷой, котиби масъул 1 ҷой, коргардон-навбатдор 1 ҷой,  ва шореҳ 1 ҷой ОЗМУН  эълон менамояд.

Талабот ба довталабон:

Таҳсилоти олӣ:  рӯзноманигор, техникӣ, рассом, коргардон.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

  1. - ариза ба номи Раиси Кумита;
  2. - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4);
  3. - тарҷумаи ҳол;
  4. - нусхаи шиноснома;
  5. - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  6. - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  7. - маълумотнома аз ВКД барои изи ангуштон;
  8. - СИН, агар пеш аз ин ягонҷо фаъолият карда бошад;
  9. - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли  038 УЕ
  10. - нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
  11. - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  12. - маълумотнома аз ҷои истиқомат.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз  31 (Хонаи Радио), телефон барои маълумот 227-65-69, 227-59-79.

Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи www.ktr.tj  дастрас намоед.

Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.