Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Бояд шукронаи истиқлолияту озодӣ карда, ба хотири таҳкими пояҳои давлатдориамон аҳлона заҳмат кашем»

«Ҳамаи шумо аз вазъи торафт мураккабшудаистодаи ҷаҳони муосир огоҳӣ доред. Илова ба раванди ҷаҳонии гармшавии иқлим ва оқибатҳои он, ки инсониятро бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ кардаанд, солҳои охир доираҳои муайяни манфиатҷӯй ҳаракату гурӯҳҳои экстремистиву террористиро маблағгузорӣ ва ба иҷрои нақшаҳои хатарноки худ сафарбар намуда истодаанд». Чунин иброз намуданд имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронии худ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло вазъи як қатор кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ноорому буҳронӣ гардида, ҳатто истиқлолият, тамомияти арзӣ ва сохтори давлатдории онҳо зери хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст. Дар чунин шароит мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, шукронаи неъмати муқаддасу бузурги зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ кунем ва ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон аҳлона заҳмат кашем.

Ҳамчунин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  зикр намуданд, ки  «мубориза бар зидди ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм таҳти назорати ҳамарӯзаи мақомоти дахлдор қарор дошта, бо мақсади ошкор ва пешгирӣ кардани ҳолатҳои шомилшавии шаҳрвандони кишвар, бахусус, ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд».

Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таассуф аз вазъи имрӯзаи ҷавонони ноҳияи Бохтар изҳор доштанд, ки  «дар панҷ соли гузашта аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Бохтар 48 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳгор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд. Тибқи маълумот, дар давоми панҷ соли охир 95 нафар сокинони ноҳия, ки 35 нафари онҳо ҷавонон мебошанд, бо мақсади иштирок дар амалиёти ҷангӣ ба давлатҳои хориҷӣ рафта, ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудаанд. То имрӯз 17 нафар ҷавонони ноҳия дар ҳудуди давлатҳои даргир ба ҳалокат расидаанд».

Ба таъкиди Сарвари давлат, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои занон ва оила, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон, аҳли маориф ва зиёиёну фаъолон вазифадоранд, ки барои рафъи чунин ҳодисаҳои номатлуб ва доғдоркунандаи номи неки миллат ва давлати тоҷикон дар байни сокинон ва махсусан наврасону ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, тарбияи дурусти фарзандонро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.

АМИТ "ХОВАР"