Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон изҳори сипос намуданд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои ҳунарнамоии шоён дар Ҷоми Осиё-2023 изҳори сипос намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар муқобили тими миллии Урдун ҳунарнамоии хуб намуда, лаҳзаҳои зиёди голзанӣ созмон дод. Вале бозӣ бо ҳисоби 0:1 ба суди дастаи Урдун хотима ёфт.

Баъд аз бозӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тамоми ҳайати даста барои натиҷаи таърихие, ки дар Ҷоми Осиё нишон доданд, изҳори сипос намуданд.

«Тамоми Тоҷикистон бо шумо фахр менамояд! Ташаккур ба шумо барои ҳунарнамоии арзанда! Шумо ҳамаи корро кардед. Имрӯз бахт ба мо нахандид. Аммо шумо то сонияҳои охир мубориза бурдед. Барои ҳамааш ташаккур!» — гуфтанд пас аз бозӣ Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон ба ҳаштгонаи беҳтарин дастаҳои мусобиқот шомил гардид.

Ёдовар мешавем, ки баъди баромадан аз гурӯҳ бо фармоиши муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо шуд. Илова бар ин, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пас аз пирӯзии тими миллии мамлакат дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи зарбаҳои 11-метра) ба даста 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ намуд ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай дастоварди шоёнро дар таърихи варзиши мамлакат сабт намуд.