Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо Президенти Русия Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзаш аз сидқи дил табрик намуда, таманниёти беҳтарини худро иброз доштанд.

Пешвои миллат дар баробари таъкиди саҳми арзишманди Владимир Путин дар ростои тақвияти мавқеи Федератсияи Русия дар арсаи байналмилалӣ, аз нақши созандаи ӯ дар густаришу таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду давлат ёдовар шуданд.

Сарони ду давлат зимни баррасии масъалаҳои алоҳидаи ҳамкории гуногунҷанба аз идомаи муколамаи байнидавлатӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин раванд ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар анҷом дода шуд.