Рушди фаъолияти сомонаҳои расмии сохторҳо дар шароити рақобатҳои иттилоотӣ

Бо рушди технологияҳои компютерӣ ва тадриҷан  дастрастар шудани интернет рақобат миёни шабакаҳои радиотелевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет то рафт шиддат мегирад.

Иддае аз коршиносон бар ин боваранд, ки воситаи мувофиқтарин ва осонтарини ҷалби тамошобин ин телевизион аст. Бархеи дигар бар ин назаранд, ки оянда ба шабакаи ҷаҳонии интернет тааллуқ дорад ва пахши телевизион ҳамчун як  васила дар ҳоли нобуд шудан аст.

Вале сарфи назар аз ин ақидаҳои мухталиф дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бошад бисёр операторони алоқа ба бастаҳои "Интернет + ТВ" такя мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ду канали иртиботӣ то ҳол ҳамдигарро истисно намекунанд. То ҷое якдигарро пурра месозанд.

Аммо шумораи бештари одамон (хусусан тамошобинони ҷавони то 35-сола) мегӯянд, ки онҳо ё телевизорро хеле кам тамошо мекунанд ё умуман телевизор надоранд. Ва пӯшида нест, ки ин табақа иттилооти заруриро аз шабакаи ҷаҳонӣ мегиранд. Ҳатто агар он маводи телевизионӣ ҳам  бошад, ки онро аксар вақт дар Интернет пайдо кардан мумкин аст.

Хулласи калом, яъне имрӯз рушди телевизион ва радиоро бидуни интернет тасаввур кардан душвор аст. Гарчанд компютер ва планшетҳо  истифода шаванд ҳам , маъмултарин воситаи дастрасӣ ба интернет телефони мобилӣ боқӣ мемонад, ки  имрӯз он кайҳо боз аз маҳдудаи  танҳо дастгоҳи алоқаву муошират будан баромадааст ва доираи васеъи хидматрасониҳоро ба ҷомеа пешниҳод мекунад.

Бозори иттилоот хеле рақобатнок аст. Имрӯз мо бояд барои тамошобин ё шунаванда, дар маҷмӯъ муштарӣ, бояд мубориза барем. Чунки бозори иттилоот на сару нӯг дорад ва на қоида. Касе якум шуда хабарро пахш намояд, маводро ба таври максималӣ қулай дастрас кунад ва то ҷое хоҳишҳои муштариро бароварда кунад, ба ҳадаф мерасад. Тавре мову шумо медонем, Хадамоти алоқа барои арзон ва босифат кардани интернет дастур гирифт ва ин омил рақобатро дар ояндаи наздик боз шиддат мебахшад.

Таҳлили фаъолияти сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии сохторҳои Кумита нишон медиҳад, ки бархеи мо то ҳол ба муҳиммияти ин масъала таваҷҷӯҳи зарурӣ намедиҳем. Гарчанд, аз рӯи адолат бояд таъкид намоям, ки вазъият нисбат ба соли гузашта хубтар шудааст. Масалан имсол қариб ки ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ саҳифаҳои худро дар фейсбук, ютуб ва инстаграм кушоданд. Шабакаҳои радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе, Фарҳанг, ТВ Синамо, ТВ Варзиш дар телеграм низ канал доранд. Бархе аз шабакаҳои мо телеграмканал доранд, вале ягон мавод надорад.

Яке аз омилҳои ҷолибияти сомонаҳо ин пайваста ҷойгир намудани хабарҳои нав мебошад, ки қариб ҳамаи сомонаҳои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, ба истиснои сомонаи Кумита, Телерадиоком, Академияи ВАО ва Маркази техникӣ ( чун инҳо сомонаҳои маъмурӣ ҳастанд) сомонаҳои хабарсоз ба шумор мераванд ва потенсиали бузурги ҳамарӯза таҳия намудани хабарҳои навро доранд. Агар амиқтар назар кунем, ҳар як шабака потенсиали хабарсозияш аз баъзе агентиҳои иттилоотӣ васеътар аст. Ин имкониятро айнизамон шабакаҳои Радиои Тоҷикистон ва ТВ Варзиш хуб истифода менамоянд.

ТВ Варзиш дар ин самт то ҳол шабакаи пешсаф мебошад, зеро дар давоми як рӯз то 15 хабар тарҷума ва таҳрир карда, дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ ҷой медиҳад.  Дар сомона ин хабарҳоро давоми як шабонарӯз то 8 ҳазор нафар даромада мутолиа мекунанд.

Дар сомонаҳои шабакаҳои радиоӣ низ аксари навиштаву матолиби гуногунформат муаллифӣ мебошанд. Ба ҳисоби миёна ҳамарўза дар сомонаҳои мазкур аз 5 то 13  хабару гузоришҳои тоза ба нашр мерасанд.

Мутаассифона дар дигар шабакаҳо чунин имконият истифода намешавад, гарчанд иқтидори хуби хабарсозӣ доранд!

Бар замми ин фаврияти фаъолияти масъулони сомонаҳо низ то ҷое таваҷҷӯҳ мехоҳад. Мо дар телеграмм як гурӯҳи масъулони сомонаҳо дорем, дар баъзе маврид маводҳои супоришие, ки дар ҳамин гурӯҳ партофта мешавад, дер иҷро мешаванд ва дар баъзе ҳолатҳо баъди дархостҳои такрории пайдарҳам. Мо рупори асосии идеологии давлату ҳукумат ҳастем, саривақт вокуниш нишон додани мо ба ин ё он масъалаи мубрам вазифаи ҷонии мост. Масалан дар рӯзҳои таътили наврӯзӣ бархе аз масъулони сомонаҳо, то бо роҳбарошон ба тамос набаромадем, дар алоқа набуданд. Баъдан дар сӯҳбатҳои алоҳида маълум шуд, ки телеграм ва дастрасӣ ба интернет, танҳо дар ҷои кор доранд. Яъне ҳамеша дастрас набудани воситаҳои техникӣ низ яке мушкилоти фаъолияти масъулони сомонаҳост.

Аз маҷлисҳо бо масъулони сомонаҳо бар меояд, ки на дар ҳама шабакаҳо масъулони сомонаҳо ба таври доимӣ кор мекунанд. Дар бисёр шабакаҳо ин вазифаро ба сифати  як масъулияти иловагӣ ба сари ягон коргар бор мекунанд. Аз ин лиҳоз масъулони сомонаҳо тез-тез иваз мешавад. Ин маънои онро дорад, ки масъулони сомонаҳо ҳавасманд нестанд. Дар бархе шабакаҳо масъулияти сомонаҳо ба ягон коргари техникӣ вогузор карда шудааст, ки он танҳо корҳои техникиро иҷро мекунад ва бараъкс дар баъзе ҳолатҳо муҳаррирон аз уҳдаи иҷрои корҳои техникӣ баромада наметавонанд.

Хулласи калом, мо кӯшиш кардем маърузаро то ҳадди имкон мухтасар кунем. Бисёр факту рақамҳоро овардан зарурат надорад, чун мақсад танқид нест, таҳлили вазъ ва дарёфти роҳу усулҳои пешравӣ ҳаст. Таҳлилҳои мо нишон медиҳад, ки барои рушди фаъолияти сомонаҳо дар шароити рақобати иттилоотӣ омилҳои зерин лозиманд:

  1. Истифодаи потенсиали мавҷуда (ҷалби имконоти идораҳои иттилоотӣ ва ғайра)
  2. Таъсиси бахши сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ
  3. Таъмини кормандон бо дастгову таҷҳизоти замонавӣ ва интернетӣ босуръат (телефон)
  4. Ҳавасмандкунии кормандон (бигзор маводҳо папка шавад ва ҳаққи қалам гиранд)

Ин талаботи хурдтаринест, ки бидуни мавҷудияти онҳо рушди сомонаҳои сохторҳоро дар шароити рақобати иттилоотӣ таъмин кардан ғайриимкон аст.

Котиби матбуоти Кумита
И.Ахмедов