Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифаро ба ҳузур пазируфтанд

20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои тавсеаи он байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Хазинаи ОПЕК густариш ёфта, ба таъмини рушди устувори мамлакат нигаронида шудаанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкориро дар самти татбиқи тарҳҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва энергетика муҳокима намуданд.

Таъкид гардид, ки афзоиши истеҳсоли неруи “сабз” барои пешбурди иқтисоди “сабз” дар Тоҷикистон заминаи мусоид мебошад ва ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар ин самт имконияти фаровон мавҷуд аст.

Зиёд намудани ҳаҷми маблағҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории мамлакати мо, аз ҷумла дар соҳаҳои гуфташуда зарур шумурда шуд.

Изҳори итминон гардид, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имконияти мавҷуда истифода мешавад.