Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд

18-уми марти соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти мамлакат баргузор гардид.

Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Шурои амният ва роҳбарони якчанд сохтори давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид, Раиси Шурои амният, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба таъмини амнияти миллӣ ва волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз сӯхтору ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш дастуру супоришҳои мушаххас доданд.