Соли 2025 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад

Ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-и Вазорати корҳои хориҷӣ  Аҳмад Саидмуродзода дар шаҳрҳои Москва ва Минск силсилаи вохӯриҳоро ба манзури муҳокимаи масъалаҳои омодагӣ ба раёсати дарпешистодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 доир намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз ҷумла, дар Москва машварат байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ баргузор шуд. Зимни машварат  атрофи масоили мубрами рӯзномаи Иттиҳод мубодилаи афкор анҷом дода шуд ва  самтҳои  асосии ҳамкории ду давлат дар ҳошияи раёсати кунунии Русия дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024 ва раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод дар соли 2025 баррасӣ гардид.

Инчунин дар Минск ҳайати Вазорат бо муовини якуми дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Анфимов вохӯрӣ намуд. Зимни суҳбат пешниҳодҳои умумӣ ба Консепсияи раёсати дарпешистодаи Тоҷикистон дар Иттиҳод ва механизмҳои татбиқи он мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон дар Минск машваратҳои солонаи вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод таҳти унвони “Дар бораи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024” баргузор гардиданд.

Дар  машварат лоиҳаи Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи вазоратҳои корҳои хориҷӣ мувофиқа шуда, раванди татбиқи Барномаи амали тақвияти шарикӣ байни мақомоти сиёсати хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима гардид. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи татбиқи Низомнома дар бораи мақоми нозир дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мақоми шарики Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мубодилаи афкор анҷом доданд.