Тангаҳои намунаи соли 2023 ба муомилот бароварда шуданд

Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тангаҳо бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва арзиши номиналии 20, 50 дирам, барориши соли 2023 ба муомилот бароварда шуданд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ин тадбир бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ андешида шудааст.

Тибқи қарори мазкур, муқаррар шудааст, ки тангаҳои «сомонӣ» бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва «дирам» бо арзиши номиналии 20 ва 50 дирам, барориши соли 2023 дар қатори тангаҳои дигари Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2023 бо арзиши номиналӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад, иттилоъ медиҳад манбаъ.