ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини якуми Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин мавзуъ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ оид ба обу иқлим эътироф гардидаанд. Дар ибтидои асри XXI Пешвои тоҷикон яке аз аввалин роҳбароне мебошанд, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти мамлакати худ ва ҳамчунин, инкишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд, ки дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Сарвари давлати моро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ менамоянд.
Чунин нигоштааст муовини якум, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои иқтисодӣ Саид ҒОИБНАЗАРЗОДА дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааст. Дар зер матни пурраи мақоларо пешниҳоди хонандагон мегардонем.
— Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба дастовардҳои хеле хубу назаррас ноил гардида, мақому мавқеи ҷумҳурӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият пайдо намуд. Дар ин муддат якчанд пешниҳоду ташаббусҳои созандаи Президенти мамлакат дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд, ки обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои обу экология, тағйирёбии иқлим ва масоили амниятиву гуманитарӣ баланд бардоштанд.
Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ вусъат мебахшад.
Ба ҷомеи ҷаҳонӣ ва мардуми сарбаланди мамлакат маълум аст, ки панҷ пешниҳоди Президенти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфтааст:
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти об ин » Соли байналмилалии оби тоза эълон намудани соли 2003″ соли 2000 дар сессияи 55 -уми Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Даҳсолаи байналмиллалии амал » Об барои ҳаёт», солҳои 2005- 2015.
«Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об- соли 2010.