Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Хакасия намоишномаи «Наврӯз»-ро пешниҳоди тамошобинон мегардонад

Аз 2 то 10 июли соли равон гурӯҳи эҷодии Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дувоздаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии экологиву этникии театрҳои лӯхтак, ки дар Ҷумҳурии Хакасия таҳти унвони «Чир чайаан дар болои алаф» баргузор мегардад, иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҷашнвораи мазкур аз ҷониби ҳунармандони тоҷик намоиши «Наврӯз» пешкаши ҳакамон ва тамошобинон гардонида мешавад.

Намоиши «Наврӯз» (муаллиф Ҳотам Салимов, коргардони таҳиягар Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Иззатулло Сафаров) асари нави саҳнавӣ буда, ба тарзи хиёбонӣ ба саҳна гузошта шудааст. Маросимҳои суннатии наврӯзӣ, аз ҷумла гулгардонии кӯдакон, мушоира, ҳунарнамоии мутрибону овозхонон, паҳлавонон, масхарабозон, хурӯсҷанг, кабкҷанг, буҷулбозӣ, арғамчинкашӣ, афрӯхтани оташ, маросими аловпарак, пӯхтани суманак, рақсу бозиҳои мардумӣ ва ғайра бо маҳорат ва ба таври зиндаву боварибахш нишон дода мешаванд.

Дар ҷашнвораи номбурда ҳунармандони театрҳои лӯхтаки Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Эрон, Беларус, Италия, Фаронса, Финляндия, Бразилия, Ҷопон, Чин, Исроил ва ғайра иштирок менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки 4 июл дар Боғи фарҳанг ва фароғати шаҳри Абакан намоиши ҳунармандони Театри лӯхтаки тоҷик доир мегардад. Ба ғайр аз ин, дар ду шаҳри калони Ҷумҳурии Хакасия– 5 июл дар шаҳри Аскиз ва 7 июл дар шаҳри Абаз ду намоиши иловагӣ ба нақша гирифта шудааст. Гурӯҳи эҷодии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанберо роҳбари бадеии театр Наргис Розиқзода сарварӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе соли 2005 дар сеюмин Ҷашнвораи байналмилалии экологиву этникии театрҳои лӯхтак «Чир чайаан дар болои алаф» бо намоиши «Офтобак, Моҳтобак ва Хурӯсак» (муаллиф Шамсӣ Қиёмов) иштирок намуда, сазовори Диплом ва ҷоиза гардида буд.