ТОҶИКИСТОНРО БА МАМЛАКАТИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 1,7 миллион бех ниҳол шинонида шуд

Дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 722 ҳазору 190 бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе иттилоъ дод.

Таъкид шуд, ки амалӣ намудани корҳои сабзазоркунӣ ва тозагию хуррамгардонӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки бо мақсади ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 20,5 миллион бех гулу буттаҳо шинонида шуда, дар майдони 269 ҳазору 262 метри мураббаъ майсазор кишт гардид.

Гуфта шуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаҳои ниҳолшинонию сабзазоркунӣ диққати махсус медиҳад. Аз ҳисоби Кумита ва мақомоти зерсохтори он дар ҷойҳо, инчунин сохторҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо иштироки фаъоли кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба миқдори 16 754 бех ниҳолҳои дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда ва ба миқдори қариб 180 ҳазор бех гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»