Тоҷикистон ва дигар давлатҳои СААД ба паради Ғалаба дар Москва 75- нафарӣ низомӣ мефиристанд
Тоҷикистон ва дигар давлатҳои иштирокдори Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) барои иштирок дар парад бахшида ба Рӯзи Ғалаба, ки 9 майи соли 2020 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор мешавад, 75-нафарӣ низомӣ мефиристанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи панҷшанбе зимни нишасти матбуотӣ сардори Ситоди муттаҳидаи СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров иттилоъ дод.
«Сарони давлатҳо иштироки ҳайати низомиро тасдиқ карданд. Дар нақша аст, ки аз ҳар давлат 75- нафарӣ ба ҳайати парад шомил карда шаванд», — гуфт ӯ.
Тавре Сидоров хабар дод, қаблан шумораи пешакии ҳайати низомии СААД дар парад бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 75 нафар муайян карда шуд. Баргузории омодагии низомиён дар пойгоҳи гарнизони Алабин ва майдони Сурх дар шакли омӯзиши муштарак баҳори соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2020 дар майдони Сурхи Москва паради тантанавӣ бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешавад. Тибқи иттилои телевизиони «Звезда», дар он беш аз 14 ҳазор нафар, тақрибан 300 адад аслиҳа ва техникаи низомӣ, аз ҷумла беш аз 100 ҳавопаймо ширкат мекунанд. Аз майдони Сурх дар баробари низомиёни рус ҳамчунин низомиёни хориҷӣ мегузаранд.
Дар минбари асосии парад аз рӯи анъана роҳбарияти Россия ва меҳмонони олиқадр, аз ҷумла сарони давлатҳои ИДМ, Франсия, Ҳиндустон, Куба, Ҷумҳурии Чехия, Венесуэла ва Сербия ҳузур хоҳанд дошт. Президенти ИМА Доналд Трамп низ хоҳиши 9 май ба Москва омаданашро иброз дошта буд.
АМИТ «Ховар»