Эъҷози сухан ва беҳтаринҳои он

Озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ таҳти унвони  "Эъҷози сухан" дар байни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаъмбаст гардид.

Озмун дар доираи иқдому ташаббусҳои маорифпараварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, лаёқатмандонро дар номинатсияҳои шеърдониву китобхонӣ муррифӣ кард.

"Эъҷози сухан"- аввалин озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд, ғолибон, яъне беҳтарин китобхонҳо ва шеърдонҳоро муаррифӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ таҳти унвони "Эъҷози сухан" бо ҳидоятҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, бо ҷалби тамоми кормандони бахшҳои техникиву эҷодии воҳидҳои сохтории дастгоҳи асосии идалогии кишвар-Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 4 рўз давом кард.

Аввалин озмуни адабии шеърдониву китобхонӣ ба ифтихори 30 солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ гардида, дар ҷараёни баргузорӣ бо хусусият ва вижагиҳо ибратбахш, роҳнамокунанда ва дорои дурнамои нек унвон гардид.

Доир ба ташкили озмун ва натиҷаҳои он аъзои ҳакамон Боймурод Шарифзода чунин ибрози назар намуданд:

Озмуни “Эъҷози сухан”, ки дар доираи иқдому ташаббусҳои маорифпараварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дастовард ва иқдоми хуб аст, зеро ин сохтор дастгоҳи муҳими идеалогии мамлакат дониста мешавад.

Дар ин робита ин чорабинӣ баҳри равнақ, боз ҳам боло бурдани савияи дониш, маҳорати касбӣ ва лаёқати суханварии кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ хабарнигорон таъсири мусбат хоҳад гузошт.    

"Эъҷози сухан" – чун озмуни аввалини адабӣ бо ҷалби чеҳраҳои соҳаи телевизиону радио ва дигар бахшҳои фаъоли Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳанг ва бойу ғанигардонии фонди луғавии аҳли эҷод пеш гирифта шуд.

“Мо миллати китобем” – бо чунин шиор ва истиқболи самимӣ аз чунин иқдом, барои ширкат дар озмуни аввалин 160 нафар довталаб номнавис гардида, давоми 4 рўз, аз рўи лаёқати зеҳнӣ ва маҳорати суханварӣ дар 2 наминатсия назм ва наср, бо шуърдониву китобхонӣ фаъолона иштирок намуданд.

Инак, баъди омўзиш ва баҳодиҳии дақиқи ҳакамон, ки аз рўи шартҳои услуби баён, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва истифодаи истилоҳҳо ҷиддӣ сурат гирифт, лаёқатмондон сазовори мукофот ва ифтихорномаҳо гардиданд.

Баъди иштирок дар Озмуни адабии шеърдониву китобхонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Эъҷози сухан” Парвина Самандарзода ғолиби ҷойи якум аз рўи китобхонӣ таъсуроти худро чунин баён намуд:

Дар воқеъ барои ман на ғолибият балки иштирок дар ингуна тадбир муҳим буд. Озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ таҳти унвони "Эъҷози сухан" роҳнамо, ибратбахш ва тақивятдиҳандаи ҳунару маҳорати мост, ки он дар кору фаъолият ва рушди минбаъдаи мо басо муҳим мебошад.

Маҳорати баланди суханварӣ, баёни андеша бо тахайюли зеҳнӣ, қироат ва нутқи бурро: дар давоми 4-рўзи муаррифии малака бо талаботҳои риояи вазну қофия, тарзи дуруст талафузи калимаву мисраъҳои шеърӣ аз миёни бештар аз 160 довталаби Озмуни адабии шеърдонию китобхонии "Эъҷози сухан" дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 нафар бо мукофоти асосӣ ва 39 нафар бо мукофотҳои иловагӣ қадрдонӣ гардиданд.

Фарзона Раҳмонова - иштирокчии дигари Озмуни “Эъҷози сухан”, ки иловагӣ номнавис гардида буд, аз майлу рағбат ва ҳавасмандии тамоми эҷодкорон хушнудӣ кард:

Боиси сарфарозист, ки дар байни кормандони сохторҳои марбут ба Кумитаи телевизион ва радиои мамлакат чунин озмуни адабиву маърифати ташкил гардид ва мо аз иштирок дар он руҳбаландем.

Мо бо ширкат дар Озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ таҳти унвони "Эъҷози сухан" аз лаёқати ҳамдигар ошно шудем ва зарурати тақвияти онро дар раванди ҷаҳонишавӣ, хосса ҳамрадиф будан дар пешравиҳои иттилоотиву комуникатсионӣ дарк кардем.

Инак, бо тартиби хоси холгузории ҳакамон, 78 нафар дар шеърдонӣ ва 64 нафар аз рўи китобхонӣ баҳогузорӣ гардида, 2 нафар ба ҷойи якум, 4 нафар ба гирифтани ҷойҳои дувум ва 6 нафар ба ҷойи 3-юм сазовор дониста шуданд.

Яке аз иштирокчиён ва ғолибони Озмуни "Эъҷози сухан" Наргис Каримова аз вилояти Суғд таасуроти худро чунин нигошт:

“Мо миллати китобем”. Озмуни адабии шеърдонию китобхонии “Эъҷози сухан” идомаи ташаббус ва иқдоми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли эълони озмунҳои умумиҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи донои китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман” мебошад, ки бешак барои соҳиб илм гардидани тамоми табақаи аҳолӣ ва соҳибтамаддун будану соҳиб китоб будани мардуми тоҷикро устувор нигоҳ медорад.

Мо аз ин озмун на натиҷаи якбор, балки дурнамои некро интизорем ва ба дастовардҳои нав ба нави маърифативу адабии аҳли эҷод дар оянда боварӣ дорем.         

Инак дар рўзи ҷамъбастии Озмуни адабии шеърдонию китобхонии "Эъҷози сухан" дар байни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хушнудӣ эҳсос гардида, аз рўи натиҷаи таҷрибаи аввалин иқдоми навбатӣ муаррифӣ гардид. Ҳамакнун, Озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ таҳти унвони "Эъҷози сухан" ҳар охири сол дар байни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳамзамон 3 маҳфили дигари адабӣ, “Сеҳри Сухан”, “Дурри маънӣ” ва “Гулбонгӣ адаб” ташкил мегарданд.

Шаҳодатнома, мукофот ва сипоснома, иштирокчиёни аввалин Озмуни адабии шеърдонию китобхонии "Эъҷози сухан" дар байни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ бо мукофоту ифтихорномаҳои озмуни суханварӣ сарфароз гардиданд.

Интиҳои «Эъҷозӣ сухан» - аввалин озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ чун ҷашнвора сурат гирифта, беҳтаринҳоро муай намуд, ҳамин тариқ бо ҳамовазӣ шиори ягона муаррифӣ шуд:-ғолиб кули иштирокчиёни озмун.