Ҳайати Тоҷикистон дар Боку дар нишасти сатҳи баланди Ҷунбиши адами тааҳҳуд иштирок намуд

2 март дар шаҳри Боку нишасти сатҳи баланди Гурӯҳи тамоси Ҷунбиши адами тааҳҳуд оид ба мубориза бо бемории COVID-19 баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Роҳбари ҳайтаи Тоҷикистон бо ишора ба таъсири манфии бемории COVID-19 ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, зарурати идомаи кумаки ҷомеаи ҷаҳониро ба кишварҳои осебпазири Ҷунбиш, хусусан дар самти таъмини занҷира ва амнияти озуқаворӣ таъкид кард.

Ҳайати Тоҷикистон инчунин таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба аҳаммияти иқдомҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти мудирият ва таъмини дастрасӣ ба захираҳои об ҷалб намуда, даъват ба амал овард, ки аз имконияти фароҳамовардаи ин ташаббусҳо ба мақсади густариши ҳамкорӣ дар самти об ва пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим истифода намоянд.