Ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила байни Тоҷикистон ва Русия бо пули миллӣ то 82 дарсад афзоиш ёфт
Ҳамкории байнидавлатӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи иттилооти молиявӣ ба сатҳи сифатан нав баромад. Ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ то 82 дарсад афзоиш ёфт. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмӣ ба Федератсияи Русия маълумот доданд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Русия ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ изҳори ҷонибдорӣ шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба саъю кӯшишҳои муштарак ҷиҳати афзоиш додани нишондиҳандаҳои ин соҳа дар солҳои наздик ба тавофуқ расиданд.
«Масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, — тазаккур доданд Пешвои миллат. — Дар ин росто мо ба тавофуқ расидем, ки дар бахшҳои мухталифи иқтисод лоиҳаҳои бузурги сармоягузориро амалӣ созем».
Дар идома Сарвари давлат изҳор намуданд, ки барои ин ҳадафҳо дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, якчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият доранд.