Ҷашни Сада яке аз ойинҳои басе деринаи мардуми тоҷик мебошад

Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннат, расму ойин ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст. Чунин омадааст дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада.

Сарвари давлат вобаста ба ин иброз медоранд, ки ниёгони ориёитабори тоҷикон ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд.

«Онҳо барои ҳар фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд, — таъкид намуданд Пешвои миллат. — Ҷашни Сада яке аз ҳамин ойинҳои басе деринаи мардуми мо мебошад».

Таъкид гардид, ки дар муҳити зиндагии ориёиёни қадим тақвимҳои мардумӣ шакл гирифта, гузаштагони мо аксари маросиму ҷашнҳоро дар асоси онҳо таҷлил менамудаанд. Ҳамин аст, ки ниёгони мо барои чор фасли сол ойину ҷашнҳои алоҳидаро бунёд гузоштаанд.