Ҳисоботи аввали соли 2015

Ҳисоботи
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон М. Пирзода оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2015 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда


Фаъолияти кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва идораву муассисаҳои зерсохтори он дар се моҳи  соли 2015 дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, баҳри амалӣ шудани барномаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар равона гардиданд.
Инъикоси чорабиниҳои муҳими давлатию байналмилалӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла маҷлиси васеи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок ва суханронии Сарвари Давлат дар ҷаласаи Шўрои миллии рушди назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 22-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, мулоқоти Сарвари Давлат бо зиёиёни кишвар, тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврўз дар вилояти Суѓд ва ифтитоҳи иншоотҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ сурат гирифт.
Матни пурра... дар формати PDF